Суроғаи мо

ш. Хуҷанд, кӯч. Сир-дарё, б. 1

 

Телефон

+992 (92) 929 1111

 

Email

info@ant.tj

Пайвастшавӣ

Хизматрасонии техникӣ

Хадамоти дастгирии техникӣ

Хадамоти дастгирии техникии ширкати АНТ барои ҳалли фаврии дилхоҳ масъала ҷиҳозонидан, танзим ва ташхиси ТВ-таҷҳизот ёрӣ медиҳад. Мутахассисони мо ҳама норасоиҳоро бартараф намуда, тавсия медиҳанд, ки дар оянда чӣ тавр таҷҳизотро аз вайроншавӣ эмин дошт. Рақами телефони хадамоти дастгирии техникӣ: +992 (92) 929 1111

Пеш аз муроҷиат ба хадамоти дастгирии техникӣ, хоҳишмандем бо маълумоти бартарафнамоии камбудиҳои эҳтимолӣ шинос шавед.

Бинобар таъсири ҳодисаҳои табиӣ, таваққуфи қувваи барқ, хусусиятҳои техникии таҷҳизоти қабулкунанда ва ғайра, мумкин аст, ки баъзан тамошои каналҳои пахшшаванда муваққатан ғайриимкон гарданд. Аксар вақт ин норасоиҳоро метавон бо усули зуд ва қулай бартараф намуд:

  • 1. Пеш аз ҳама лозим аст, ки фаъолнокии хизматрасонӣ санҷида шавад:

    Барои ин метавонед аз хизматрасонии "Тафтиши тавозун ва фаъолнокии хизматрасонӣ" истифода намоед ё ба колл-сентри ширкат занг занед. Агар хизматрасонӣ фаъол набошад, ҳисоби шахсии худро ба миқдори лозима пур намоед. Хизматрасонӣ дар муддати 1 соат барқарор мегардад.

  • 2. Агар шабакаҳои давлатӣ, маҳаллӣ ва каналҳои ширкат, ки ба таври кушод пахш мешаванд намоиш шаванд, аммо дигар шабакаҳо рамзгузорӣ карда шудаанд ё намоиш нашаванд, мумкин аст:

    - Пешниҳоди хизматрасонӣ муваққатан қатъ шудааст, зеро муштарипулӣ пардохт нашудааст. Барои барқарор кардани хизматрасонӣ амалҳои дар банди 1 овардашударо бояд иҷро намуд;

    - Барои қабулкунакҳои (тюнерҳо) Openbox S3 CI HD ва Openbox S3 Micro HD мумкин аст, ки партофти танзимоти корти дастраси шартӣ ба амал омада бошад. Барои барқарор намудани танзимот мебояд амалҳои зеринро иҷро намуд:

    • • Тугмаи "MENU"-ро дар пулти идораи фосилавӣ пахш намоед;
    • • Сипас дар меню "Условный доступ"-ро интихоб намоед ва тугмаи "ОК"-ро пахш намоед;
    • • Пас аз ин "Настройка карты"-ро интихоб намуда "ОК"-ро пахш намоед;
    • • Дар сатри "Система доступа" тугмаи тарафи "рост" ва ё "чап"-ро пахш намуда, реҷаи "CRYPTON"-ро интихоб намоед ва пас аз ин ду маротиба ба тугмаи "MENU"-ро пахш кунед.

  • 3. Агар хизматрасонӣ фаъол бошад, вале шабакаҳои телевизионӣ намоиш надиҳанд ва дар экрани телевизор хабар “Канал закодирован” дарҷ гардад, лозим аст:

    Тавассути тугмаи “POWER” дар пулти идораи фосилавӣ ва ё ресивер (тюнер) онро хомӯш ва баъдан ба кор андозед. Бо вуҷуди ин, агар намоиши шабакаҳои телевизионӣ барқарор нашаванд, лозим аст:

    • • Тавассути тугмаи “POWER” дар пулти идораи фосилавӣ ва ё ресивер (тюнер) онро хомӯш намоед;
    • • Вилкаи барқиро аз васлак (розетка) бароред;
    • • Корти шартии дастрасро аз дохили ресивер бароред (Диққат! Ин амалро танҳо дар ҳолати хомушии ресивер иҷро намоед, зеро он метавонад ба носозиҳои техникӣ оварда расонад);
    • • Пайваст будани ноқилҳоро ба ресивер ва телевизор тафтиш намоед;
    • • Бозпас корти шартии дастрасро ба ресивер ворид кунед;
    • • Вилкаи барқии ресиверро ба васлак (розетка) пайваст намоед;
    • • Тавассути тугмаи “POWER” дар пулти идораи фосилавӣ ва ё ресивер (тюнер) онро ба кор андозед.

  • 4. Агар пас аз иҷрои ин амалҳо шабакаҳои телевизионӣ боз ҳам намоиш надиҳанд:

    Эҳтимол танзимоти ресивер тағйир ва ё партофта шудаст, самти антеннаи мавҷқабулкунанда тағйир ёфтаст, сими мавҷинтиқолдиҳанда байни антенна ва ресивер канда шудаст, дар кори ресивер, воҳиди энергетикӣ (блок питания) ва конвертор (принимающая головка) носозиҳои техникӣ пайдо шуданд ва ё корти шартии дастрас сӯхтаст. Барои бартараф кардани ин носозиҳо, бояд усто даъват карда шавад, зеро бо кӯшишҳои худ, Шумо аз ӯҳдаи бартараф кардани онҳо намебароед. Барои ин, танҳо лозим аст ба колл-сентр занг зада, дархости худро оид ба даъвати усто ба расмият дароред. Дар навбати худ, оператор зуд ташрифи усторо ташкил менамояд.

  • 5. Агар пулти идораи фосилавӣ кор накунад:

    - Коршоямии батарейкаҳои нерудиҳандаро тафтиш намоед. Агар неруи онҳо холи шуда бошад, онҳоро иваз намоед;

    - Эҳтимол танзимоти (настройка) пулт партофта шуд. Таваҷҷӯҳ! Партофтани танзимот танҳо дар пултҳои идораи фосилавии ҳамаҷониба (универсальный), ки алоҳида харида мешаванд, имконпазир аст. Танзимоти заруриро тариқи иҷрои амалҳои зерин ворид намудан, мумкин аст:

    • • дар пулти идораи фосилавӣ тугмаҳои “POWER” ва “SET”-ро якҷоя пахш намоед, пас аз он нишондиҳандаи сурх (красный индикатор) нур хоҳад шуд;
    • • бо тугмаҳои аз 0 то 9 рамзи серақамаи (XXX) далхдорро, ки дар ҷадвал қайд гардидаст, ворид кунед, баъд аз он, нишондиҳандаи сурх хомӯш хоҳад гашт, ки аз барқарор гардидани танзимот шаҳодат медиҳад;
    • Col-1Col-2
      Навъи қабулкунакРамз
      OPENBOX F-300 FTA278
      OPENBOX X800278
      OPENBOX X800 бо навиштаҷоти АНТ278 ё 144
      OPENBOX X540399
      OPENBOX S3 CI HD485
      S8 HD PVR417
      HD S800417
      S10 PVR248
      S11 HD PVR248
       

    - Агар батареяҳо коршоям бошанд ва танзимот барқарор карда шудаст, лекин пулти идораи фосилавӣ ҳанӯз ҳам кор намекунад, онро бояд барои таъмир ба шуъбаи хидмати мизоҷон бурд. Устоҳои ширкат кӯшиш мекунанд, ки онро таъмир кунанд. Агар таъмири пулт имконнопазир бошад, навашро харидорӣ кардан лозим аст.

  • 6. Агар корти дастрасии шартӣ сӯхта бошад:

    Барои иваз намудани он ба шӯъбаи кор бо мизоҷони ширкат бояд муроҷиат намуд. 

 

Муроҷиат ба хадамоти дастгирии техникӣ

Барои муроҷиат ба хадамоти дастгирии техникӣ метавонед ба рақами телефони +992 (92) 929 1111 занг занед ё дархости худро тавассути шакли мазкур ирсол намоед:

Рақами тартибии муштарии АНТ- ро дароред
Номери телефони худро нависед
Мавзуи муроҷиатро нависед
Шарҳи муроҷиатро нависед
Поставьте галочку для проверки

 

ҶДММ "АНТ" соли 2003 ба фаъолият шурӯъ намуда, яке аз ширкатҳои якумини ватании мавҷию кабелӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва фаъолона хизматрасониҳои телевизиони рақамиро дар вилояти Суғд дар асоси иҷозатномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Please publish modules in offcanvas position.

 

ПАЙВАСТШАВӢ