Суроғаи мо

ш. Хуҷанд, кӯч. Сир-дарё, б. 1

 

Телефон

+992 (92) 929 1111

 

Email

info@ant.tj

Пайвастшавӣ

Кэшбэк

Кэшбэки воқеӣ ба муштариёни фаъол

Аз 01.01.2019 сол ба ҳама муштариён барои истифодаи бефосилаи хизматрасониҳои ширкати телевизионӣ Кэшбэк дар ҳаҷми аз 3 то 8% дода мешавад.

 

Кэшбэк чист? Кэшбэк – ин тахфифи батаъхирандохта мебошад.

Ҳаҷми (фоизи) кэшбэк аз бефосилагии истифодаи хизматрасониҳо вобаста буда, бо мақсади ҳавасмандгардонии муштариёни ба таври доимӣ аз хизматрасониҳои ширкат истифода мебурда пешбинӣ шудаст. Кэшбэк ҳар моҳ аз маблағи муштарипулии ситонидашуда ҳисобгардида, бо он мувофиқан хизматрасониҳои ширкатро пардохтан мумкин аст.

 

Кэшбэк бо чунин тартиб ҳисоб карда мешавад:

МоҳҳоАндозаи кэшбэк
Аз 1-ум то 2-юм моҳ0%
Аз 3-юм то 4-ум моҳ3%
Аз 5-ум то 6-ум моҳ4%
Аз 7-ум то 8-ум моҳ5%
Аз 9-ум то 10-ум моҳ6%
Аз 11-ум то 12-ум моҳ7%
Барои моҳҳои оянда8%
 

Эзоҳ: Ҳисоби кэшбэк тибқи ҷадвали дар боло дарҷгардида аз 3-юм моҳи истифодаи бефосилаи хизматрасонӣ оғоз меёбад. Ҳисоби бефосилагии истифодабарии хизматрасонӣ бошад аз 01.11.2018 сол оғоз мегардад. Кэшбэкро пас аз 5-ӯм рӯзи дода шудани он, истифода бурдан мумкин аст. Ҳангоми пайдошавии фосила дар истифодабарии хизматрасониҳо, кэшбэки баргардонидашуда гум намешавад, аммо ҳисоби минбаъдаи он пай дар пай аз лаҳзаи ибтидои тартиби ҳисоб оғоз меёбад.

Кэшбэк аз муштарипулии тибқи барномаи дисконтии «Пардохти муфид» пардохтшуда, маблағи ба суратҳисоб (дар ширкати телевизионӣ) воридгашта ва муттаносибан аз маблағи дар суратҳисоб боқӣ монда ҳисобида намешавад.

Маълумотро оиди кэшбэки ҳисобидашуда ба воситаи смс-паём, барномаи мобилӣ, Вайбер-Бот АНТ, колл-сентр ё шӯъбаи хизмати муштариёни ширкати телевизионӣ гирифтан мумкин аст.

 

Барои гирифтани маълумот тавассути:

  • смс-паём – лозим аст, ки ба рақами 92-929-1111 смс-паём бо рақами корти дастрасии шартӣ фиристода шавад (9 рақам, масалан 2010ХХХХХ);
  • барномаи мобилии «Мой АНТ» - зарур аст, ки барнома аз App Store ё Google Play боргирӣ гардида, ба смартфон насб карда шавад;
  • Вайбер-Бот АНТ – ба боти мазкур обуна шудан зарур аст;
  • колл-сентр – тавассути рақами 92-929-1111 ба колл-сентр занг задан лозим аст;
  • шуъбаи хизмати муштариён - ба шуъбаи хизмати муштариён муроҷиат намудан зарур аст.

 

Чи тавр кэшбэкро ба суратҳисоби асосӣ гузаронидан мумкин аст?

Барои кэшбэкро ба суратҳисоби асосӣ гузаронидан, ба рақами телефони 92-929-1111 смс-дархост бо матни: рақами корти дастраси шартӣ (9 рақам), ситорача (*) ва ду нол (00) ирсол кардан лозим. Матни смс-дархост бояд бе фосила чинда шавад. Мисоли смс-дархсот: 2010ХХХХХ*00

 

ҶДММ "АНТ" соли 2003 ба фаъолият шурӯъ намуда, яке аз ширкатҳои якумини ватании мавҷию кабелӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва фаъолона хизматрасониҳои телевизиони рақамиро дар вилояти Суғд дар асоси иҷозатномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Please publish modules in offcanvas position.

 

ПАЙВАСТШАВӢ