Viber-бот АНТ

Истифодаи хизматрасониҳои ширкати телевизионӣ боз ҳам сабуку беҳтар гардид. Аз ҷониби ширкат утилитаи нав - Viber-бот коркард ва ба истифода пешниҳод карда шуд. Бот бо кабинети шахсӣ барои хизмат ба ҳар як муштарии мушаххас пешнибинӣ гардидааст.

 

Бот дорои чунин имкониятҳо мебошад:

  • Пешбурди утоқи шахсӣ;
  • Дар як вақт идора кардани ду ва зиёда кортҳои дастраси шартӣ;
  • Гирифтани маълумот оиди тавозун, тарофаҳо, бастаи интихобгашта, хизматрасониҳои пайвастшуда ва муҳлати баанҷомрасии онҳо;
  • Иваз кардани баста ё пайваст намудани хизматрасониҳои иловагӣ;
  • Фиристонидани дархост барои пайвастшавӣ ё хизматрасонии техникӣ ва баҳогузорӣ намудан ба сифати он;
  • Сари вақт хабардор гаштан аз хабару иттилоотҳои ширкат.

 

Пайвастшавӣ ба Viber-бот АНТ:

  • Гузаред ба пайванди: Viber-бот АНТ ё бо воситаи барномаи "Viber" дар телефони мобилии худ QR-кодро ҷустуҷӯ намоед: 

 

Дастури истифодабарӣ: Нигаред

Барои калонкунии сурат онро пахш кунед