Суроғаи мо

ш. Хуҷанд, кӯч. Сир-дарё, б. 1

 

Телефон

+992 (92) 929 1111

 

Email

info@ant.tj

Пайвастшавӣ

Рекламадиҳӣ

Маълумот барои рекламадиҳандагон

Ҳамкорони гиромӣ!

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «АСРИ НАВИ ТЕЛЕВИЗИОН» ба Шумо имконияти ҷойгиронии рекламаро дар шабакаҳои телевизионии худ пешниҳод мекунад.

ҶДММ "АНТ" ягона ва яке аз ширкатҳои калонтарини телевизиони мавҷию кабелӣ дар вилояти Суғд мебошад, ки тавассути шабакаи худ дар 8 шаҳру ноҳияҳои калонтарини вилояти Суғд мавҷи худро пахш мекунад. Нигаред ба минтақаи фарогири шабака.

Имкониятҳои рекламавии пешниҳод мегардида: 3 шабакаи телевизионии ширкат, минҷумла АНТ, АНТ-Кино ва АНТ-Мусиқӣ мебошанд, ки барои ҳамаи категорияи тамошобинон пешбини гардиданд:

  • шумораи тамошобинони потенсиалӣ зиёда аз 1 млн. нафарро ташкил медиҳад;
  • аз рӯи синну сол: аз наврасон то ба камол расида;
  • аз рӯи вазъи иҷтимоӣ: аз донишҷӯён то роҳбарони ширкат.


Реклама дар телевизионҳои мо – ин воситаи самараноки пешниҳоди маълумот дар бораи мол ва хизматрасонии ширкати Шумо барои аудиторияи мақсаднок мебошад.

Реклама дар телевизион дар як вақт ба тафаккур ва тасаввуроти инсон таъсир мерасонад. Дарки фаврии маълумотро таъмин мекунад ва дар сурати пешкаши якчандкарата он дар хотираи инсон сахт нақш мебандад. Вобаста ба таҷрибаи чандинсолаи омӯзиши самаранокии реклама дар ТВ, маркетологҳо афзалиятҳои онро нисбати дигар воситаҳои реклама ба чунин ҷудо мекунанд:

  • Таъсири баробар ба узви қобили дид ва шунавоӣ, шуур ва тасаввуроти инсон;
  • Фарогирии васеъи аудиторияи максадноқро таъмин мекунад;
  • Дар вақти гуногун пахш гардида, ба аудиторияи мухталиф расонида хоҳад шуд;
  • Қобилияти калони маълумотнокӣ ва дар хотир нигоҳдорӣ;
  • Аз тамошобин неруи иловагиро барои дарк ва дар хотира нигоҳ доштанро талаб намекунад;
  • Дорои ҳиссиёти баланд буда, дар вуҷуди тамошобин муносибати устувор ва мусбатро нисбати пешниҳоди тиҷоратӣ ташаккул медиҳад;


Вобаста ба имконият ва фарогирии истеъмолкунандагони потенсиалӣ, рекламаи телевизион метавон ҳамчун воситаи таъсир ва натиҷабахш дар ҳалли як қатор вазифаҳои маркетингӣ истифода гардад. Аз ҷумла,-

  • Барои иттилоотонии харидорон дар бораи бренди нав ва ё хизматрасонӣ;
  • Барои фавран ҷорӣ намудани пешниҳодҳои молӣ ва хизматрасонии ширкатҳои бонуфузу пешрафта;
  • Барои ташаккул, мустаҳкам ва баланд бардоштани нуфузи мол, бренд ва ширкатҳои тиҷоратӣ.


Мутахассисони ширкати АНТ таҷрибаи бойи кор бо рекламаи телевизионӣ доранд, дорои технологияи замонавии пешбурди реклама буда, дар бораи ҷойгиронии самараноки он дар телевизион огаҳ ҳастанд.

Мо омода ҳастем:

  • Рекламаи Шуморо дар шабакаҳои ширкат - АНТ, АНТ-Кино ва АНТ-Мусиқӣ ҷойгир намоем;
  • Банақшагирии саводнокро вобаста ба соҳаи тиҷорати Шумо ва шароити беҳтарини ҷойгиронӣ дар телевизион (вақт, шумораи баромад ва шумораи реклама) таъмин намоем;
  • Рекламаро бевосита ва ё тавассути рекламаи сарпарастӣ дар лоиҳаҳои ТВ манзуратон гардонем;
  • Мониторинги натиҷаҳоро таъмин карда, самаранокии рекламаро таҳлил намоем.


Мутахасссиони моро барои пешбурди тиҷорати худ интихоб карда, Шумо ба воситаи ТВ-реклама, банақшагирии касбӣ, хариди муфиди вақти пахш, назорати пахши роликҳо, ҳамчунин бонус ва тахфифҳо мегардед, ки оҷонсиҳои рекламавӣ барои ҷойгиронии реклама пешниҳод мекунанд.
 

Шарикони мо:

 

Маълумоти худро бимонед, мутахассисони мо бо Шумо дар тамос мебароянд.

Номи пурраатонро ворид намоед
Номи пурраатонро ворид намоед
Номери телефони худро нависед
Почтаи электронии худро ворид намоед
Неверный ввод
Неверный ввод

 

ҶДММ "АНТ" соли 2003 ба фаъолият шурӯъ намуда, яке аз ширкатҳои якумини ватании мавҷию кабелӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва фаъолона хизматрасониҳои телевизиони рақамиро дар вилояти Суғд дар асоси иҷозатномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Please publish modules in offcanvas position.

 

ПАЙВАСТШАВӢ