Иқдом «АНТ-и МАН» - 2019

Аз 1 январ то 31 декабри соли 2019 байни истифодабарандагони барномаҳои “Мой АНТ” ва «Viber-Бот АНТ» 5 баста бо обунаи семоҳа таҳти бозӣ қарор дода мешавад.

 

Шартҳои иқдом:

  • дар бозӣ муштариёне ширкат меварзанд, ки:
    • мақоми фаъол дошта бошанд (таҳти “мақоми фаъол” – муштариёне фаҳмида мешаванд, ки муштарипулиро сари вақт пардохт карданд);
    • истифодабарандаи барномаҳои “Мой АНТ” ва ё «Viber-Бот АНТ» бошанд (дар яке аз барномаҳо бақайдгириро гузашта, кортҳои дастраси шартиро илова карда бошанд);
  • ҳангоми истифода намудани ҳар ду барнома имконияти бурд ду карат зиёд мешавад;
  • аз ҳисоби истифодабарандагони дар боло қайдгардида, ҳар моҳ 5 нафар ғолибон тариқи тасодуфӣ муайян карда мешаванд;
  • ба ҳар як ғолиб як баста бо обунаи семоҳа тӯҳфа мегардад;
  • натиҷаи бозӣ ё худ рӯйхати рақамҳои корти дастраси шартии бурдкарда ҳар моҳ дар сомонаи ширкат нашр карда хоҳад шуд;
  • барои соҳиби "тӯҳфа" шудан ба муштарии дар иқдом ғолибомада мебояд ба маркази тамос бо рақами 92-929-1111 занг зада, хоҳиши пайваст кардани онро изҳор намояд;
  • тӯҳфа ба таври автоматӣ дода намешавад ва бе мӯҳлат то талаби он нигоҳ дошта мешавад.

Ғолибони иқдоми «АНТ-и МАН»