Суроғаи мо

ш. Хуҷанд, кӯч. Сир-дарё, б. 1

 

Телефон

+992 (92) 929 1111

 

Email

info@ant.tj

Пайвастшавӣ

Сиёсати махфият

Cиёсати махфият ва коркарди маълумоти шахсӣ

Сиёсати махфият ва коркарди маълумоти шахсии мазкур (дар оянда – Сиёсати махфият) нисбати ҳама маълумоте, ки ҶДММ "АНТ" (минбаъд – Ширкати телевизионӣ) метавонад оиди истифодабаранда дар рафти гузаронидани пурсишҳо, иқдомҳо, истифодабарии сомона ва хизматрасониҳо гирад, амалӣ менамояд.

 

      1. МАФҲУМҲО

1.1. Дар Сиёсати махфияти мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

1.1.1. "Ширкати телевизионӣ" – ҶДММ "АНТ", ки ҷамъоварӣ ва (ё) коркарди маълумоти шахсиро ташкил менамояд, инчунин мақасдҳои коркарди маълумоти шахсиро, таркиби маълумоти шахсии коркардшавандаро, амалҳои (амалиётҳои) бо маълумоти шахсӣ амалишавандаро муайян менамояд.

1.1.2. "Маълумоти шахсӣ" – дилхоҳ маълумоте, ки бавосита ё бевосита ба шахси муайян ё муайяншавандаи воқеӣ (субъекти маълумоти шахсӣ) тааллуқ дорад.

1.1.3. "Коркарди маълумоти шахсӣ" – дилхоҳ амал (амалиёт) ё маҷмӯи амалҳое (амалиётҳое), ки бо истифодаи воситаҳои автоматикунонӣ ё бе истифодаи чунин воситаҳо бо маълумоти шахсӣ иҷро карда мешаванд, аз он ҷумла ҷамъоварӣ, сабт, батартибдарорӣ, ҷамъ кардан, нигоҳдорӣ, муайянкунӣ (навкунӣ, тағйирот), ба даст овардан, истифодабарӣ, супоридан (паҳн кардан, пешниҳод намудан, дастрасӣ), бехусусият кардан, муҳосира кардан, кӯр кардан, нест кардани маълумоти шахсӣ.

1.1.4. "Махфияти маълумоти шахсӣ" – талаботи ҳатмӣ барои иҷроиш барои Ширкати телевизионӣ оиди бе розигии субъекти маълумоти шахсӣ ё мавҷуд набудани асоси дигари қонунӣ роҳ надодан ба паҳн шудани маълумоти шахсӣ.

1.1.5. "Иштирокчии пурсишҳо, иқдомҳо, истифодабарандаи сомона ва хизматрасониҳо (дар оянда – Истифодабаранда)" – шахсе, ки дар пурсишу иқдомҳо иштироккунанда ва (ё) ба сомона ва хизматрасониҳои Ширкати телевизионӣ дастрасӣ дошта.

1.1.6. "Хизматрасонӣ" – маҳсулоти барномавии махсуси (барномаи мобилӣ, чат-бот ва ғ.) Ширкати телевизионӣ, ки барои хизматрасонӣ ба муштариёни ширкат ва пешниҳоди хизматрасонии босифат пешбинӣ шудаанд.

1.1.7. "IP-суроға" – суроғаи беҳамтои шабакавии ҷузъи шабакаи компьютерӣ, ки тариқи протоколи IP сохта шудааст.

 

      2. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

2.1. Истифодаи хизматрасонӣ, сомона, хизматгузориҳо, ичунин иштирок дар пурсишу иқдомҳои Ширкати телевизионӣ аз тарафи Истифодабаранда маънои розӣ будан бо Сиёсати махфияти мазкур дорад.

2.2. Дар ҳолати розӣ набудан бо шартҳои Сиёсати махфият Истифодабаранда ӯҳдадор аст (ба таври хаттӣ, тавассути почтаи электронӣ ё дигар тарзи дастрас) ба Ширкати телевизионӣ муроҷиат намояд ва мувофиқан истифодаи хизматрасонӣ, сомона ва хизматгузориҳои Ширкати телевизиониро қатъ намояд.

2.3. Сиёсати махфияти мазкур ба пурсишҳо, иқдомҳо, сомона ва дигар хизматгузориҳои Ширкати телевизионӣ татбиқ карда мешавад. Ширкати телевизионӣ назорат наменамояд ва ҷавобгар нест ба сомонаҳо ва хизматгузориҳои шахсони сеюм, ки ба онҳо Истифодабаранда метавонад бо ҳаволаҳо, ки дар сомона ва хизматгузориҳои Ширкати телевизионӣ мавҷуданд гузарад.

 

      3. МАЗМУНИ СИЁСАТИ МАХФИЯТ

3.1. Сиёсати махфияти мазкур ӯҳдадориҳои Ширкати телевизиониро оиди ошкор накардан ва таъмини реҷаи ҳифзи махфияти маълумоти шахсӣ, ки Истифодабаранда бо хоҳиши худ бо дархости Ширкати телевизионӣ ҳангоми бастани шартнома, ба расмият даровардани дархостҳо ба хизматрасонӣ, пурсишҳо ва иқдомҳои гузаронидашаванда, бақайдгирӣ дар сомона ва дигар хизматгузориҳои Ширкати телевизионӣ пешниҳод менамояд.

3.2. Маълмуоти шахсии дар чаҳорчӯбаи Сиёсати махфияти мазкур ба коркард иҷозатшуда, аз тарафи Истифодабаранда ба таври ихтиёрӣ дар рафти гузаронидани пурсишҳо, иқдомҳо, истифодабарии сомона ва хизматгузориҳои Ширкати телевизионӣ пешниҳод мешаванд ва маълумоти зеринро дар бар мегиранд:

3.2.1. насаб, ном, номи падари Истифодабаранда;

3.2.2. санаи таваллуди Истифодабаранда;

3.2.3. рақами телефони Истифодабаранда;

3.2.4. суроғаи почтаи электронии (e-mail) Истифодабаранда;

3.2.5. ҷои истиқомати Истифодабаранда;

3.3. Ширкати телевизионӣ ҷамъоварии омории IP-суроғаҳои ташрифоварандагонро амалӣ менамояд. Маълумоти зерин бо мақсади муайянкунӣ, ҳалли мушкилиҳои техникӣ ва назорати қонунӣ будани пардохтҳои молиявӣ истифода мешавад.

3.4. Дилхоҳ дигар маълумоти шахсии дар боло гуфтанашуда (таърихи истифодабарии хизматрасониҳо, браузеру системаҳои оператсионии истифодашаванда ва ғ.) боэтимод нигоҳ ва ба паҳншавӣ роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳои дар банди 5.2. Сиёсати махфияти мазкур пешбинишуда.

 

      4. МАҚСАДҲОИ ҶАМЪОВАРИИ МАЪЛУМОТИ ШАХСИИ ИСТИФОДАБАРАНДА

4.1. Маълумоти шахсии Истифодабарандаро Ширкати телевизионӣ метавонад бо мақсадҳои зерин истифода барад:

4.1.1. Индентификатсия, тасдиқнамоии саҳеҳӣ ва пуррагии маълумоти шахсии аз ҷониби Истифодабаранда пешниҳодгардида.

4.1.2. Ба Истифодабаранда пешниҳод намудани дастрасӣ ба захираҳои ба шахсият мутобиқшудаи Ширкати телевизионӣ.

4.1.3. Ҷорӣ кардани алоқаи бозпас бо Истифодабаранда, аз он ҷумла равона кардани маълумот, хотиррасоннамоӣ, огоҳномаҳо ва дархостҳо, ки ба истифодабарии хизматрасониҳо, сомона ва хизматгузориҳо тааллуқӣ дорад.

4.1.4. Муайян намудани ҷои Истифодабаранда барои таъмини бехатарӣ ва пешгирии қаллобӣ.

4.1.5. Огоҳ кардани Истифодабаранда оиди ҳолати хизматрасониҳои дархостшаванда ва пешниҳодшавнада.

4.1.6. Коркард ва қабули пардохтҳо, мубоҳисаи пардохт ва муайянкунии ҳуқуҳо барои гирифтани хизматрасониҳои иловагӣ.

4.1.7. Ба Истифодабаранда пешниҳод кардани дастгирии самараноки мизоҷӣ ва техникӣ дар ҳолатҳои ба вуҷуд омадани мушкилиҳо бо истифодабарии хизматрасониҳо, сомона ва хизматгузориҳои Ширкати телевизионӣ.

4.1.8. Пешниҳоди маълумот ба Истифодабаранда оиди хизматрасониҳои нав ва иловагӣ, тағйирот дар хизматрасониҳои пешниҳодшаванда, пешниҳодҳои махсус, нархҳо, хабарҳо ва маълумоти паҳншаванда ва дигар маълумот аз номи Ширкати телевизионӣ ё аз номи ҳамкорони Ширкати телевизионӣ.

4.1.9. Амалинамоии фаъолияти рекламавӣ.

 

        5. ТАРЗҲО ВА МУҲЛАТИ КОРКАРДИ МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ

5.1. Коркарди маълумоти шахсии Истифодабаранда, аз он ҷумла дар системаҳои иттилоотӣ бе маҳдудияти муҳлат бо истифодабарии воситаҳои автоматикунонӣ ё бе истифодаи чунин воситаҳо амалӣ мешавад.

5.2. Танҳо бо тартиб ва асосҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда маълумоти шахсии Истифодабаранда метавонанд ба мақомотҳои ваколатдори давлатӣ дода шаванд.

5.3. Ширкати телевизионӣ чораҳои лозимаи ташкилӣ ва техникиро, барои ҳифзи маълумоти шахсии Истифодабаранда аз дастрасии ғайриқонунӣ ё тасодуфӣ, нобуд кардан, тағйир додан, муҳосира намудан, нусхабардорӣ кардан, паҳнкунӣ, инчунин аз дигар амалҳои ғайриқонунии шахсони сеюм, меандешад.

5.4. Ширкати телевизионӣ ҳамроҳ бо Истифодабаранда ҳама чораҳои лозимаро барои пешгирии зарарҳо ва дигар оқибатҳои манфӣ, ки бо сабаби гум шудан ё ошкор гаштани маълумоти шахсии Истифодабаранда ба вуҷуд омадаанд, меандешад.

 

        6. ӮҲДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО

6.1. Истифодабаранда ӯҳдадор аст:

6.1.1. Барои бастани шартнома, истифодабарии хизматрасониҳо, сомона ва хизматгузориҳои Ширкати телевизионӣ маълумоти шахсиро пешниҳод намояд.

6.1.2. Дар ҳолати тағйир ёфтани маълумоти шахсӣ, ба маълумоти пешниҳодшуда тағйирот ва иловаҳоро пешниҳод намояд.

6.2. Ширкати телевизионӣ ӯҳдадор аст:

6.2.1. Маълумоти гирифташударо танҳо бо мақсадҳои дар банди 4 Сиёсати махфияти мазкур пешбинишуда истифода барад.

6.2.2. Ба истиснои ҳолатҳои дар банди 5.2. Сиёсати махфияти мазкур пешбинишуда, нигоҳдории махфии маълумоти шахсиро таъмин намояд, бидуни иҷозати хаттию пешакии Истифодабаранда онҳоро ошкор нанамояд, инчунин нашр ё бо дигар усулҳо маълумоти супоридашудаи Истифодабарандаро ошкор накунад.

6.2.3. Чораҳои эҳтиётиро, барои ҳифзи махфияти маълумоти шахсии Истифодабаранда мувофиқи тартибе, ки одатан барои ҳифзи чунин навъи маълумот дар гардиши кории ҷорӣ истифода мешавад, андешад.

 

        7. ҶАВОБГАРИИ ТАРАФҲО

7.1. Ба истиснои ҳолатҳои пешбини намудаи бандҳои 5.2. ва 7.2. Сиёсати махфияти мазкур, Ширкати телевизионӣ дар ҳолати иҷро накардани ӯҳдадориҳои худ, барои хароҷоти Истифодабаранда, ки дар натиҷаи истифодабарии ғайриқонунии маълумоти шахсӣ ба вуҷуд омадааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷавобгар мебошад.

7.2. Дар ҳолати гум шудан ё ошкор шудани маълумоти шахсӣ Ширкати телевизионӣ ҷавобгар нест, агар ин маълумот:

7.2.1. То гум шудан ё ошкор шудани он аллакай ба ҳамагон маълум буд.

7.2.2. То ба Ширкати телевизионӣ дастрас шудан аз шахси сеюм гирифта шуда буд.

7.2.3. Бо иҷозати Истифодабаранда ошкор шуда буд.

 

        8. ҲАЛЛИ БАҲСҲО

8.1. То муроҷиат кардан ба суд бо даъво доир ба баҳсе, ки аз муносибатҳо байни Истифодабаранда ва Ширкати телевизионӣ оид ба истифодаи маълумоти шахсӣ ба вуҷуд меоянд, пешниҳоди иддао (пешниҳоди хаттӣ оиди ихтиёран ҳал намудани баҳс) ҳатмӣ мебошад.

8.2. Қабулкунандаи иддао дар муддати 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи гирифтани иддао, ба таври хаттӣ муроҷиаткунандаро оиди натиҷаи дида баромадани иддао огоҳ менамояд.

8.3. Дар ҳолати ба созиш наомадан, тарафҳо ҳуқуқ доранд дида баромадани баҳсро мувофиқи қонунгузории амаликунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти судӣ супоранд.

8.4. Ба Сиёсати махфияти мазкур ва муносибатҳо байни Истифодабаранда ва Ширкати телевизионӣ қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

 

      9. ШАРТҲОИ ИЛОВАГӢ

9.1. Ширкати телевизионӣ ҳуқуқ дорад ба Сиёсати махфияти мазкур бе розигии Истифодабаранда тағйирот дохил намояд.

9.2. Сиёсати махфияти нав аз лаҳзаи ҷойгиронӣ дар сомонаи Ширкати телевизионӣ эътибор пайдо мекунад, агар шарти дигар дар нашри нави Сиёсати махфият пешбинӣ нашуда бошад.

9.3. Ҳама саволҳо ва пешниҳодҳо оиди Сиёсати махфияти мазкур метавонанд ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. фиристонида шаванд.

 

ҶДММ "АНТ" соли 2003 ба фаъолият шурӯъ намуда, яке аз ширкатҳои якумини ватании мавҷию кабелӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва фаъолона хизматрасониҳои телевизиони рақамиро дар вилояти Суғд дар асоси иҷозатномаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Please publish modules in offcanvas position.

 

ПАЙВАСТШАВӢ